Падари қаҳрамони бозиҳои якҳарбаи омехта Ҳабиб Нурмагомедов - Абдулманап Нурмагомедов даргузашт. Дар ин бора дар саҳифаи худ дар Телеграм раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров хабар дод. Вебсайти хабарии Лента.ру менависад, ки Қодиров ба оилаи варзишгари маъруф изҳори ҳамдардӣ кардааст. 15 апрели имсол расонаҳо хабар доданд, ки падари Нурмагомедов ба як беморхонаи Махачқалъа, пойтахти Доғистон бистарӣ шуд ва дертар бемории ӯро илтиҳоби шуш гуфтанд. "Известия" менависад, ки рӯзи 13 май маълум шуд, ки ӯ бо ҳолати сангин дар як беморхонаи Маскав аз коронавирус табобат мегирад ва як муддат дар ҳолати кома ё беҳушӣ ҳам қарор дошт.
Рӯзи 18 июн як ҳамкори Нурмагомедов гуфт, ки Абдулманап Нурмагомедов аз коронавирус шифо ёфтааст. Вале зоҳиран паёмадҳои коронавирус вазъи сиҳҳатии ӯро сангин кардааст.
Абдулманап Нурмагомедови 58-сола мураббии варзиш буд ва ба ҷуз писараш чандин қаҳрамони дигарро низ дар бозиҳои якҳарбаи омехта тарбия кардааст.