Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар як ҳушдораш аз суръати тунд ва бесобиқаи паҳншавии коронавирус дар ИМА хабар дода гуфтааст, ки ҳодисаҳои рӯзонаи олудашавӣ 1 июл аз 50 ҳазор ҳодиса гузашт. Дар ҳоле, ки мизони олудагии нави рӯзона дар ҷаҳон аз 160 ҳазор ҳолат бештар шудааст, танҳо 52 ҳазор ҳодисааш дар ИМА ба қайд гирифта шуд. Мавҷи нави вирус боис шуд, ки мақомоти ИМА амрҳои қаблан содиршуда дар заминаи сабуктар кардани тадбирҳо, мисли боз шудани тарабхонаву соҳилҳоро бекор мекунанд.
Шумори талафот бар асари COVID-19 дар ИМА дар як рӯзи 1 июл 700 нафарро ташкил дод ва дар маҷмӯъ ба 128 ҳазор нафар расид. Шумори умумии олудашудаҳо ба коронавирус дар ИМА аз 2,6 миллион нафар гузаштааст. Бразилия, ки кишвари дуюми осебдида аз вируси нав мебошад, рӯзи 1 июл 60 ҳазор ҳолати олудагии навро ба қайд гирифтааст. Вазорати беҳдошти Мексика дар бораи 28,5 ҳазор ҳолати марг хабар дод ва аз Испания пеш гузашт.