Ҳукумати Тоҷикистон барои кам кардани таъсири бемории COVID-19 ба иқтисоди кишвар ба чанд соҳа ва ҳам аҳолӣ сабукӣ дод.
Аз ҷумла иншооти соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкороне, ки дар бозорҳо кор мекунанд, панҷ моҳи оянда аз андоз озод шуданд. Ҳаҷми андоз аз пасандозҳои аҳолӣ барои ним соли оянда аз 12 ба 6 дарсад поин омад ва нақшаи боло бурдани нархи обу барқ, алоқа ва хадамоти коммуналӣ то охири сол ба таъхир гузошта шуд. Корхонаҳо ҳамчунин баро дер пардохтан\ми андоз ҷарима нахоҳанд шуд.
Ҳамчунин аҳолии кишвар аз 1 май то 1 сентябри соли 2020 аз андози моликияти ғайриманқул озод гашта, аз 1 июл то 1 сентябри соли 2020 воридоти маводи барои истеҳсоли маҳлулҳои безараргардонӣ, дорувор ва либосҳои муҳофизаткунанда, инчунин таҷҳизот, асбобу анҷом, таҷҳизоти озмоишгоҳҳои тиббӣ ва маводи барои муайян намудани бемории сироятии СOVID-19 заруриро аз пардохтҳои гумрукӣ (андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷҳо) озод хоҳад буд.
Қарори додани сабукӣ баъд аз ду моҳи эълони расмии мавҷудияти коронавирус дар кишвар ва дар пайи интиқодҳое қабул шуд, ки мегуфтанд мақомот ба вазъи соҳибкорон дар шароити буҳрон, гаронии хадамот ва дарсадҳои бонкӣ таваҷҷуҳ намекунанд.